Пайвандҳои дастрасӣ

Русия сигоркашӣ дар маконҳои умумиро мамнӯъ мекунад


Русия дар роҳи манъи сигоркашӣ дар маконҳои умумӣ қадами аввалашро бардошт. Рӯзи ҷумъа порлумони ин кишвар дар қироати аввал, тарҳи қонунеро пазируфт, ки фурӯши тамокуро маҳдуд ва истифодаи он дар маконҳои умумиро мамнӯъ мекунад. Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия гуфтааст, ки 44 миллион нафар, ё аз ҳар 3 як нафар дар кишвараш сигор мекашанд ва ин одат, солона тақрибан 400 ҳазор нафарро бемор карда мекушад.
XS
SM
MD
LG