Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори СММ аз хатари партовгоҳҳои атомии Тоҷикистон


Созмони Миллали Муттаҳид аз хатари 55 миллион тонна партовҳои ҳастаӣ дар Тоҷикистон ҳушдор дод, ки ба гуфтаи созмон ба таври муносиб муҳофизат намешаванд. Жан Родригес, сухангӯи Кумиссиёни Созмони Миллал барои Аврупо, дар шаҳри Женева ба хабарнигорон гуфтааст, ки “ин партовҳо коркард, пинҳон ва муҳофизат намешаванд." Дар арзёбии дуввуми ин кумиссиён аз иқдомоти Тоҷикистон барои ҳифзи муҳити зист, адами пешрафт дар таъмини амнияти ин партовгоҳҳои атомӣ танқид шудааст, ки дар наздикии шаҳри Хуҷанд ва Табошар вуҷуд доранд. Партовҳои азими ураниум дар Тоҷикистон аз замони шӯравӣ мерос мондааст, ки бино ба гузоришҳо, барои сохти бомбҳои атомӣ истихроҷ мешуд.
XS
SM
MD
LG