Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифони Русия аз тазоҳурот даст накашиданд


Мухолифини давлати Русия қасд доранд, имрӯз шаҳри Маскав ва Санкт Петербург раҳпаймоӣ кунанд. Мақомот дархости раҳпаймоӣ дар шаҳри Санкт Петербургро пазируфтанд, вале ба мухолифон иҷоза надодаанд, ки дар маркази Маскав тазоҳурот баргузор кунанд. Мухолифони давлати Русия иддаъо доранд, ки бо интихоби дигарбораи Владимир Путин ба мақоми раиси ҷумҳур, саркӯби дигарандешону мухолифон бештар шудааст. Дар остонаи ин тазоҳурот, мақомоти Русия алайҳи Алексей Навалний блогнавис ва аз пешвоёни мухолифини Русия бо иттиҳоми дуздӣ парвандаи дигаре боз кардаанд. Ба гуфтаи додситонҳо, ӯ Навалний ва бародараш аз тариқи як ширкати тиҷоратӣ, 1 миллиону 800 ҳазор долларро аз роҳҳои ғайриқонунӣ аз худ кардаанд.
XS
SM
MD
LG