Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муовини нахуствазири Украина ба нишони эътироз истеъфо дод


Николай Азаров

Николай Азаров

Виталий Хорошковский, кафили муовини нахуствазири Украина, ба нишони эътироз алайҳи дубора дар курсии раҳбари кобинаи вазирон нишастани Николай Азаров, истеъфо дод.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, Хорошковский мутмаин аст, ки Николай Азаров тавони пиёда сохтани ислоҳоти иқтисодӣ ва ба самти ҳамоиш бо Аврупо бурдани кишварро надорад.

Рӯзи панҷшанбе Верховная Радаи Украина Николай Азаровро дубора дар мақоми нахуствазир пазируфт. 252 вакили парлумон аз номзадии ӯ пуштибонӣ карданд. Сипас раисиҷумҳур Виктор Янукович амр дар бораи нахуствазир таъин шудани Азаровро имзо кард.

3 декабр сарвари Украина аризаи истеъфои Николай Азаровро бинобар вакили парлумон интихоб шуданаш қабул карда буд.
XS
SM
MD
LG