Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Изҳороти шаҳрдори Душанбе, оиди таҷлили Соли нави милодӣ дар дохилу хориҷи Тоҷикистон тарафдору мухолифони зиёд пайдо кардааст.

Изҳороти ахири Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, ки гуфт Соли навро имсол бошукуҳтар аз солҳои қаблӣ ҷашн мегирем, дар дохилу хориҷи Тоҷикистон тарафдорону мухолифони зиёд пайдо кардааст.

Барои расонаҳои русии ҷаҳони интернет ин хабар айни муддао буд, зеро чанд ҳафтаи охир дар онҳо гаштаю баргашта дар бораи тағйири бархӯрд ба ин ҷашн дар кишварҳои пасошӯравӣ матолиби зиёд нашр мешуд. Онҳо аз нашри як мақола дар Тоҷикистон, ки зарурати насби арчаи солинавиро дар маркази Душанбе зери суол бурда буд, ҳангомаҳо барпо карданд, ки гӯиё мусулмонони Тоҷикистон мухолифи иди Соли Нав мебошанд. Иттифоқан, ин хабар бо маълумоти дигаре ҳамнаво гашт, ки гӯё дар Қирғизистону Узбакистон низ талошҳое барои мамнӯи иди мазкур сурат мегирад.

Дар зимн, бори аввал нест, ки масъалаи ҷашнгирии Соли нави милодӣ дар Тоҷикистон ба баҳси маҳофил ва расонаҳо кашонида мешавад. Ҳадди ақал дар чаҳор-панҷ соли ахир ин ид, ки тайи беш аз 80 соли гузашта вориди зиндагии тоҷикон шудааст, ҷомеаи кишварро ба тарафдорон ва мухолифон тақсим мекунад.

Вале чаро ин баҳс на танҳо ба ҷомеаи тоҷик, балки ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ хос аст ва дар ин давлатҳо низ сол то сол доғтар мешавад? Барои намуна, имсол мақомоти Узбакистон аз ташкилкунандагони ид хостанд, он бе ҳузури Бобои барфӣ ва барфак ҷараён гирифта, дар телевизион арчаи солинавӣ зиёд намоиш дода нашавад. Дар Қирғизистон низ бархе аз сиёсатмадорон гуфтанд, таҷлил аз ин ид барои мардуми қирғиз бегона ва нодаркор аст.

Рашид Ғанӣ Абдулло, таҳлилгари тоҷик

Рашид Ғанӣ Абдулло, таҳлилгари тоҷик

Дар ин робита коршиноси масоили минтақавӣ, Рашид Абдулло мегӯяд, имрӯз бархӯрди ду навъи фарҳанг, шӯравӣ ва суннатӣ мушоҳида мешавад. Ӯ мегӯяд бо мурури гузариши бештар ба фарҳанги суннатӣ, шиддати ин гуфтугузор ва баҳсу мунозираҳо нисбат ба солҳои пешин бештар шуда, солҳои оянда низ идома хоҳад кард.

Бархе аз таҳлилгарон иди Соли нав дар Тоҷикистонро як намунаи бархӯрди тамаддунҳо мешуморанд. Онҳо бар инанд, ки бо фурӯпошии Шӯравӣ ин анъана, ки аз Ғарб омада буд, тадриҷан заиф мешавад ва оқибат аз байн хоҳад рафт.

Аммо ба ақидаи бархи дигар, тарафдорӣ аз таҷлили Соли нави милодӣ ё мухолифат ба он то рафт хислати сиёсӣ мегирад. Тарафдоронро акнун ҳарчӣ бештар ҳомиёни дунявият ва мухолифонро мунодиёни ҷомеаи мазҳабӣ унвон мекунанд.

Суҳроб Шарифов, вакили парлумони Тоҷикистон

Суҳроб Шарифов, вакили парлумони Тоҷикистон

Сӯҳроб Шарифов, вакили Маҷлиси Намояндагон аз Ҳизби ҳокими халқӣ- демократӣ ба ин ин гуна назарҳо комилан мухолиф аст. Ҷаноби Шарифов афзуд, онҳое ки баргузории ин ҷашнро тобиши мазҳабӣ дода ва бар бегонагии он таъкид мекунанд, ғаразҳоеро ба дунбол доранд. Ба гуфтаи ҷаноби Шарифов, тобиши мазҳабӣ додан ба Соли нави милодӣ дар кишварҳое, ки инак наздики як аср мешавад аз он таҷлил мекунанд, ба хотири ҷалби таваҷҷӯҳи ҳамон қишри ҷомеа аст, ки ҳама чизро дар чаҳорчӯби дин ҳаллу фасл мекунанд. Дар ҳоле ки ба андешаи ҷаноби Шарифов, ин идро коммунистони рус вориди Тоҷикистон кардаанд, ки худ муқобили дин буданд. Вале ҳоло он як ба унвони як расму анъанаи нав вориди рӯзгори мардуми тоҷик шудааст, ки бо он мухолифат кардан як заҳмати бесамар аст.

Дар соли ҷорӣ баҳси баргузории иди Соли нави милодӣ бо нашри як мақола бо қалами нависандаи тоҷик, Муҳибулло Қурбон дар як моҳи пеш дар сомонаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва иқтибоси пораҳое аз он дар дигар расонаҳо ва бахусус расонаҳои русӣ дубора гарму доғ шуд. Аз онки ҷаноби Қурбон, масъули сомонаи ҲНИТ аст, андешаҳои ӯ дар бораи ин ҷашн на танҳо дар расонаҳо ҳатто то Муҳибуллоҳи Қурбон

Муҳибуллоҳи Қурбон

сатҳи Маҷлиси миллии ин кишвар кашонида шуд ва Маҳмадсайид Убайдуллоев, раиси ин Маҷлис таъкид кардааст, ки таҷлили Соли нави милодӣ дар пойтахт ботантанаву шукуҳи хоса баргузор хоҳад шуд.

Зоҳиран, ин як посухи мақоми расмӣ ба ин навишта ва ҳамин тавр таъкиди қотеъ бар беҳуда будани баҳсҳо перомуни таҷлил аз Соли нави милодӣ дар Тоҷикистон аст.

Вале нависанда, Муҳибуллои Қурбон мегӯяд, ҳарчанд аз навиштаи ӯ ғалат бардошт шуда ва дар расонаҳо ҳам иштибоҳӣ бозтоб ёфтааст, ҳамоно андеша ва мавқеи худро дуруст мешуморад. Ҷаноби Қурбон афзуд, гузоштани дарахти арчаи Соли нави милодиро дар маркази шаҳр ва харҷу масрафи зиёди атрофи онро як амали беҳуда ва нозарур мешуморад: "Пешниҳоди ман дар бораи як дарахти арча аст. Агар он ҳатто сунъӣ бошад ҳам барои он аз буҷаи шаҳр як маблағи муайян сарф мешавад. Барои ҳамин пешниҳод кардам, ки хуб мебуд он пуле, ки барои арча сарф мешавад, ба он русзабонҳое, ки ба ин ид рафта наметавонанд, ҳамчун туҳфаи солинавӣ ба шакли орд, равған ва як миқдор пул диҳанд."

Аммо воқеияти ҳол дар Тоҷикистон ва на танҳо ин кишвар, балки барои мисол дар Узбакистон ва Қирғизистон низ чунин аст, ки истиқбол аз иди Соли нави милодӣ ба он тарзе нест, ки фарз кардем дар даҳ соли пеш вуҷуд дошт ва бархӯрди мардум ва руҳияи ҷомеа ба он иваз шудааст. Барои мисол дар соли ҷорӣ телевизионҳо расмии Узбакистон тасмим гирифтаанд, ки дар барномаҳои солинавии худ Бобои барфӣ, Барфак ва Аҷузкампирро нишон намедиҳанд ва ҷойи онҳоро қаҳрамонҳои мардумии ин кишвар хоҳанд гирифт. Аз ин ҷост, ки шумори афроде, ки барои баргузории он назару нигоҳи дигар доранд дар ҳоли афзоиш аст.

Бархе аз соҳибназарон бар ин ақидаанд, ки чун Тоҷикистон дигар як кишвари мустақил аст, ҷашну маросимоти он бояд бо арзиш ва анънаҳои миллӣ мухолифат надошта бошад. Ин ҳам дар ҳолест, ки иди Соли нави милодӣ як расми иҷборан воридшудаи русӣ дар замони шӯравӣ буд, ки болои халқҳои дигари ин қаламрав таҳмил шудааст.

Ҳикматулло Сайфуллозода, як масъули марказии таҳлилии мавсум ба «Диалог», мегӯяд, вақте Тоҷикистон дар роҳи сохтани як давлати миллӣ қадам мезанад ва барои эҳёи арзишҳои суннативу фарҳангии худ талош меварзад, зарур аст, ки такя ба афкори умумии ҷамъияти худ бикунад. Агар гурӯҳе аз ин ҷомеа хостори баргузории ҳамчунин ҷашнҳои воридшуда аст, боке нест, вале то ба сатҳи давлати миллӣ таҷлил аз он мавриди баҳс аст:

Ҳикматулло Сайфуллозода, аз масъулони маркази таҳлиии "Диалог"

Ҳикматулло Сайфуллозода, аз масъулони маркази таҳлиии "Диалог"

“Давлати миллие, ки дар заминаи истиқлолияти ҳамин миллат давлатсозиро шурӯъ кардааст, пас бояд, ки афкори умуми ҷомеаи хешро дониста бошад, ки ин гуна идкуниҳо барои ҳамин миллати соҳибфарҳанг ва соҳибтамаддун аз ин ба баъд лозим аст ё хайр. Манзурам дар сатҳи давлат аст.»

Шаҳрвандони қаторӣ, ки солиёни пеш ин ҷашнро бо як шукӯҳи махсус истиқбол мекарданд, ҳоло низ Соли нави мелодиро иди худ мешуморанд. Дар сӯҳбатҳои сарироҳӣ дар хиёбонҳои Душанбе рӯшан шуд, ки дар воқеъ назарҳо ба ин ид тағйир хӯрдааст, агарчанде аксарият дар шаҳрҳо онро дар муҳити хонавода ва бо гузоштани арча ба унвони як рамзи Соли нав ҷашн мегирифтаанд

Аммо мавзӯи таҷлил кардан ва ё накардани Соли нави милодӣ дар Тоҷикистонро ба гуфтаи бархе аз коршиносон наметавон фақат сирф масъалаи фарҳангӣ ва ё иҷтимоӣ донист. Бо онки ин ҷашн тавассути Русияи шӯравӣ ба Тоҷикистон омадааст, бархеҳо бар ин назаранд, ки ҷонибдорӣ аз он навъе аз ҳамнавоӣ ва ҳамсӯӣ бо Русияи имрӯз низ талаққӣ мешавад ва ҳоло, ки мақомоти давлатӣ дар Тоҷикистон ин идро таҷлил мекунанд низ ба он маъност, ки онҳо дар мадори ин кишвар мечарханд.

Раҳматулло Зоҳиров, раиси ҲУСДТ

Раҳматулло Зоҳиров, раиси ҲУСДТ

Вале Раҳматулло Зойиров, раиси ҲУСДТ, аз аҳзоби мухолифи ҳукумати феълӣ, мегӯяд, новобаста ба сиёсат печонидани ҷашнгирии Соли нави мелодӣ, он як воқеияти имрӯза мебошад. Зеро Тоҷикистон бо онки як кишвари мусалмоннишин аст, тақвими худро бо ҳамин солшуморӣ ба роҳ мондааст ва то он замон, ки ин солшуморӣ дар кишвар ҷорист, ба мисоли бақия халқҳои дунё анҷоми соли куҳна ва оғози соли нав таҷлил карда мешавад:

“Ин як ҷашни тақвимист ва онро дар Тоҷикистон ба насроният ва ё дини дигар алоқаманд кардан дуруст нест. Он соли тақвимиест, ки дар миқёси СММ, дар сатҳи байналмилалӣ, дар асоси меъёрҳои ҷуғрофӣ ба эътибор гирифта шудааст. Аз онки Тоҷикистон худро қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон кардааст, бояд ин идро қайд кунад».

Аммо пешниҳоди нависанда Муҳибулло Қурбон, ки гузоштани арчаи соли навиро амали ноҷоиз медонад, танҳо фикри шахсии ӯ нест. Хеле аз созмонҳо ва муасссисаҳои байналмилалӣ низ, ки ҳифзи муҳити зистро маҳаки кори хеш қарор додаанд, аз бурида шудани ҳазорон дарахти арча изҳори нигаронӣ мекунанд.

Вале бо гузаштаи наздик ба як аср танҳо қисмате аз сокинони шаҳрнишини тоҷик арафаи Соли нави милодӣ дар манзили худ арча меороянд. Аз замони ҷорӣ шудани расми пешвозгирӣ аз Соли нави милодӣ дар Тоҷикистон, барои сокинон, хусусан дар деҳот гузоштани арча дар манзилҳо одат нашудааст. Дар ҳоле ки иди Наврӯз на танҳо дар шаҳр, балки дар тамоми рустоҳо бо риояти суннату русуми он ба таври табиӣ таҷлил карда мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG