Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барак Обама аз тасмими Райс изҳори таассуф кард


Сюзан Райс
Сюзан Райс
Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, рӯзи ҷумъа бо намояндаи доимии кишвар дар СММ Сюзан Райс дидору гуфтугӯ кард. Хонум Райс аз пешбарии номзадияш ба мақоми вазири умури хориҷии Амрико сарпечӣ намуд. Дар як нома унвонии Барак Обама ӯ тасмими худро бо он марбут намуд, ки баррасии номзадияш дар Сенат боиси ихтилофи назар мешавад.

Барак Обама аз тасмими дипломати варзида изҳори таассуф кард.

Сюзан Райс барои ташреҳи ҳамла ба консулгарии Амрико дар шаҳри Бенғозии Либия мавриди интиқоди сенаторҳо аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон қарор гирифт.

Бар асари ҳамла ба консулгарӣ, ки рӯзи 11-уми сентябр аз сӯи як гурӯҳи наздик ба шабакаи “Ал-Қоида” сурат гирифт, чаҳор амрикоӣ, аз ҷумла, сафири кишвар дар Либия Кристофер Стивенс кушта шуданд. Чанд рӯз баъд Сюзан Райс дар сӯҳбат бо шабакаҳои телевизионӣ ҳодисаи Бенғозиро бо эътирози издиҳоми норозӣ аз пахши филми “Бегуноҳии мусалмонҳо” дар интернет марбут кард. Баъдан хонум Райс ташреҳи пешини худро носаҳеҳ номид ва аммо афзуд, ки онро дар пояи иттилои Хадамоти марказии кашфи Амрико пахш кардааст.

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, моҳи январ мақоми хулдро тарк менамояд.
XS
SM
MD
LG