Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рақибони мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод маълум шуданд


Рақибони дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод-2013 муайян шуданд.

Дар Ҷоми Иттиҳод-2013, ки аз 18-ум то 27-уми январ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад, футболбозони соли таваллудашон 1991 ва аз он хурд иштирок мекунанд.

Бар асоси қуръакашӣ, ки рӯзи 14-уми декабр баргузор шуд, дастаҳо ба се гурӯҳ (ҳар гурӯҳ иборат аз 4 даста) тақсим шуданд. Мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа таҳти раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар гурӯҳи “А” бо тимҳои Белорус, Латвия ва Эстония рақобат мекунад. Нахустин бозиро футболбозони ҷавони тоҷик 21-уми январ бо мунтахаби Белорус анҷом медиҳанд.

Дар даври дувум ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ва ду тими беҳтарин миёни дастаҳои ҷойҳои севумро ишғолкарда барои ҷойҳои 1-8-ум мубориза мебаранд. Дастаҳои боқимонда барои ҷойҳои 9-12-ум талош мекунанд.

Бозии ниҳоӣ 27-уми январ барпо хоҳад гашт. Ҳамаи бозиҳо дар маҷмааи фарҳангию варзишии «Петербургский» баргузор мешаванд.

Натоиҷи қуръакашии Ҷоми Иттиҳод-2013:
Гурӯҳи А: Белорус, Латвия, Эстония, Тоҷикистон.
Гурӯҳи В: Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Узбакистон.
Гурӯҳи С: Украина, Литва, Молдавия, Туркманистон.

Тақвими бозиҳои Ҷоми Иттиҳод-2013:

18-уми январ (ҷумъа)
1) 12:00. Гурӯҳи A. Белорус – Латвия
2) 14:15. Гурӯҳи A. Эстония – Тоҷикистон
3) 16:30. Гурӯҳи B. Қирғизистон – Қазоқистон
19:30. Маросими ифтитоҳи мусобиқа
4) 20:00. Гурӯҳи B. Русия – Узбакистон

19-уми январ (шанбе)
5) 12:00. Гурӯҳи C. Украина – Литва
6) 14:15. Гурӯҳи C. Молдова – Туркманистон
7) 16:30. Гурӯҳи А. Эстония – Белорус
8) 19:00. Гурӯҳи А. Тоҷикистон – Латвия

20-уми январ (якшанбе)
9) 12:00. Гурӯҳи B. Узбакистон – Қазоқистон
10) 14:15. Гурӯҳи C. Молдова – Украина
11) 16:30. Гурӯҳи C. Туркманистон – Литва
12) 19:00. Гурӯҳи B. Қирғизистон – Русия

21-уми январ (душанбе)
13) 12:00. Гурӯҳи А. Белорус – Тоҷикистон
14) 14:15. Гурӯҳи А. Латвия – Эстония
15) 16:30. Гурӯҳи B. Қирғизистон – Узбакистон
16) 19:00. Гурӯҳи B. Русия - Қазоқистон

22-юми январ (сешанбе)
17) 12:00. Гурӯҳи C. Украина – Туркманистон
18) 14:15. Гурӯҳи C. Литва – Молдова

23-юми январ (чоршанбе)
19) 12:00. 1/4 финала. № 4 рейтинг - № 5 рейтинг
20) 14:15. 1/4 финала. № 2 рейтинг - № 7 рейтинг
21) 16:30. 1/4 финала. № 3 рейтинг - № 6 рейтинг
22) 19:00. 1/4 финала. № 1 рейтинг - № 8 рейтинг

24-уми январ (панҷшанбе)
23) 16:30. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум. Ҷойи 4-ум дар гурӯҳи A – ҷойи 4-ум дар гурӯҳи C
24) 19:00. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум. Ҷойи 4 -ум дар гурӯҳи B – дастаи пасти ҷойи севум

25-уми январ (ҷумъа)
25) 12:00. Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум. Мағлуби #19 – Мағлуби #20
26) 14:15. Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум. Мағлуби #21 – Мағлуби #22
27) 16:30. Нимфинал. Ғолиби #19 – Ғолиби #20
28) 19:00. Нимфинал. Ғолиби #21 – Ғолиби #22

26-уми январ (шанбе)
29) 16:30. Бозӣ барои ҷойҳои 11-12-ум. Мағлуби #23 – Мағлуби #24
30) 19:00. Бозӣ барои ҷойҳои 9-10-ум. Ғолиби #23 – Ғолиби #24

27-уми январ (якшанбе)
31) 12:00. Бозӣ барои ҷойҳои 7-8-ум. Мағлуби #25 – Мағлуби #26
32) 14:15. Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум. Ғолиби #25 – Ғолиби #26
33) 16:30. Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум. Мағлуби #27 – Мағлуби #28
34) 19:00. Финал. Ғолиби #27 – Ғолиби #28
21:00. Маросими пӯшидашавии мусобиқа
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо ба вақти Маскав аст.
XS
SM
MD
LG