Пайвандҳои дастрасӣ

"Нигаронии нашрияҳо аз афзоиши андоз беасос аст"


Акбаралӣ Сатторзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Акбаралӣ Сатторзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Акбаралӣ Сатторзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мегӯяд, нигаронии нашрияҳо аз афзоиши андоз, то ҷое беасос будааст.

Акбаралӣ Сатторзода рӯзи 14-уми декабр, баъди мулоқот бо намояндагони Кумитаи андози Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки андоз аз нашрияҳо ба гунае, ки рӯзномаҳо навишта буданд, афзоиш нахоҳад ёфт.

Сатторзода афзуд, ки тавре намояндагони Кумитаи андоз шарҳ доданд, сар аз соли оянда, баъд аз он, ки дар кишвар Кодекси нав мавриди амал қарор мегирад, дар фаъолияти нашрияҳо низ баъзе сабукиҳо ба вуҷуд хоҳад омад.

Оқои Сатторзода гуфт, дар нимаи дуввуми рӯзи ҷумъа Кумитаи андози Тоҷикистон гурӯҳи рӯзноманигоронро ба суҳбат дар бораи тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Тоҷикистон даъват карда, моддаҳо ва банду фаслҳое, ки ба фаъолияти ВАО дахл доранд, шарҳ додааст.

Ахиран нашрияҳои Тоҷикистон навишта буданд, ки бар асоси Кодекси нав, сар аз моҳи январи соли оянда, расонаҳои чопии ин кишвар муваззафанд дар қатори навъҳои дигари молиёт, дар ҳаҷми 18 дарсад андоз аз арзиши изофашударо бисупоранд.

Масъулини расонаҳо ва созмонҳои рӯзноманигорӣ таъкид карда буданд, ки чунин талабот, нашрия ва маҷаллаҳои Тоҷикистонро, ки тираж ва ё теъдоди зиёд надоранд, варшикаста ва аз бозори матбуот берун хоҳад кард.

Аммо Рустам Ҷабборов, муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, дар мулоқот бо рӯзноманигорон ин навиштаи расонаҳои кишварро беасос хонда, гуфтааст, ки баръакс, аз рӯи андоз аз арзиши иловашуда дар Кодекси нав, сабукиҳо пешбинӣ шудаанд.

Ӯ изҳор доштааст, ки сар аз соли оянда андоз аз арзиши иловашударо он ширкату идораҳое месупоранд, ки ҳаҷми гардиши солонаашон аз 500 ҳазор сомонӣ зиёдтар аст. Дар ҳоле, ки гардиши молии солонаи аксари нашрияҳо аз ин камтар аст, онҳо ин намуди андозро пардохт нахоҳанд кард.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон наздики чаҳорсад нашрия ва маҷалла ба чоп мерасанд, ки бархе аз онҳо вобаста ба давлат ва қисмате ҳам ғайридавлатӣ буда, теъдоди нашрашон аз 1 то 15 ҳазор ададро ташкил медиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG