Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ соли 2013-ро «махсусан муҳим» хонд


Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон, рӯзи 14-уми декабр, бо ҷалби аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ ҷаласа доир карда, нақшаи фаъолияташро барои соли 2013 баррасӣ ва тасдиқ намудааст.

Нуралӣ Саидов, масъули Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон, 14-уми декабр, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки зимни ҷаласа раёсати Шӯро аз фаъолияти ин ниҳод дар соли 2012 гузориш дода, пешниҳодоти созмонҳо ва аҳзоби сиёсиро дар робита ба ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи Тоҷикистон дар соли 2013 ба мадди назар гирифт.

Нуралӣ Саидов соли 2013-ро барои Тоҷикистон махсусан муҳим хонда, интихоботи президентии соли 2013, муҳоҷират, бурунрафт аз бунбасти комуникатсиониро аз ҷумлаи масоили мубрам гуфт, ки бояд соли оянда ҳалли ниҳоии худро пайдо кунанд.

Шӯрои ҷамъиятӣ созмони иҷтимоиест, ки ҳанӯз соли 1994 таъсис ёфта, дар он беш аз 70 созмони сиёсиву иҷтимоиву фарҳангӣ, аз ҷумла аҳзоби сиёсии расмии кишвар шомил ҳастанд. Раиси Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аст. Ин ягона ниҳоде, арзёбӣ мешуд, ки дар доираи он тамоми аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ гирди ҳам омада, доир ба масоили ҷомеа ибрози назару тадбир мекарданд.

Аммо таи чанд соли ахир бархе аз аҳзоби бо нуфузи кишвар аз ҳайати он расман хориҷ шуданд ва Шӯрои ҷамъиятиро як ниҳоди камтаъсир дар ҳаёти ҷомеа номиданд. Дар қатори ихроҷшудагон, созмони душанбегии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби Наҳзати Исломӣ, Ҳизби демократӣ ва ахиран Ҳизби умумимиллии сотсиал деморкатии Тоҷикстон мебошанд. Аҳзоби сиёсӣ сабаби аслии хориҷ шудани худро аз Шӯро, дар тақаллубӣ ва ғайримунсифона сурат гирифтани интихоботҳои раёсатиҷумҳурӣ ва парлумонии кишвар шарҳ дода буданд. Ба гуфтаи собиқ аъзоёни Шӯро пешниҳоду қарорҳои ин ниҳод аксаран аз тарафи мақомот ба назар гирифта намешавад.

Дар ҳамин Нуралӣ Саидов, мегӯяд, дари Шӯро ҳамеша боз аст ва агар ин аҳзоб хоҳанд, метавонанд дубора аъзо шаванд.
XS
SM
MD
LG