Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Довталабони "Глобуси тиллоӣ" маълум шуданд


Анҷумани матбуоти хориҷии Ҳоливуд феҳристи довталабони ҷоизаи “Глобуси тиллоӣ”, яке аз ҷоизаҳои маъруф дар олами синаморо, нашр кард.

Барои ҷоизаи беҳтарин филми сол офаридаи Квентин Тарантино “Ҷангои озодшуда”, филми тарҷумаиҳолии Стивен Спилберг “Линколн”, филми сиёсии Бен Аффлек “Амалиёти “Арго”, драмаи Кэтрин Бигилоу “Ҳадафи рақами як” дар бораи амалиёти нобудсозии Усома бин Лоден ва филми Энга Ли “Зиндагии Пи” мубориза хоҳанд бурд.

Ба феҳристи довталабони ҷоиза барои беҳтарин нақши занона, аз ҷумла, Ҷесика Честейн, Марион Котияр, Ҳелен Миррен шомил шудаанд. Беҳтарин нақшҳои мардонаро, аз нигоҳи муассисони ҷоизаи “Глобуси тиллоӣ”, Ричард Гир, Дензел Вошингтон, Даниэд Дэй-Люис, Хоакин Феникс ва Ҷон Ҳоукс офаридаанд.

Ҷоизаи “Глобуси тиллоӣ” аз соли 1944 ба ин сӯ барои беҳтарин филмҳои ҳунарӣ ва филмҳои телевизионӣ супурда мешавад. Маросими навбатии супурдани ҷоизаҳо 13 январи соли оянда дар Лос-Анҷелес баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG