Пайвандҳои дастрасӣ

Ахиран Зафармуҳаммад Аюбӣ, овозхони тоҷик дар бораи дастаи «Равшан»-и Кӯлоб-қаҳрамони имсолаи футболи Тоҷикистон, суруде эҷод намудааст.

Тавре вай мегӯяд, ин суруд бадоҳатан аз ҷониби худи ӯ эҷод ва сароида шудааст. Ин таронаи фармоишӣ нест ва худи ҳунарманд низ мухлиси дастаи «Равшан» мебошад.

Аммо тими футболи «Равшан» ягона дастаи футбол нест, ки дар васфи он ҳунармандон суруд офаридаанд. Ба ҷуз «Равшан» боз дар васфи ду тими футболи Лигаи олии кишвар - «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хайр»-и Ваҳдат сурудҳо офарида шудааст. Дар васфи дастаи футболи «Хайр» ҳунарпешаи тоҷик Ҳасани Ҳайдар бо номи «Соз бишуд кори «Хайр» суруде сароидааст, ки матни он ба қалами шоир Мирзо Файзаллӣ тааллуқ дорад. Сурудҳое, ки дар васфи дастаҳои «Хайр» ва «Равшан эҷод шудаанд, аз ҷониби мухлисони ин дастаҳо ҳамчун гимн сароида мешаванд. Қабл аз шуруи бозиҳо ин сурудҳо дар варзишгоҳҳо пахш мешаванд.




Дар васфи дастаи «Истиқлол» бошад, се суруд эҷод шудааст, ки дутоаш ба Меҳрубони Равшан ва яктои дигараш ба Фахриддини Малик тааллуқ дорад ва ин сурудҳо бо дастури Вазорати фарҳанги Тоҷикистон офарида шудаанд.

Амирбеки Мусо, бастакори тоҷик, мегӯяд, чанде қабл ӯ ба шеъри Муҳаммад Ғоиб «Зарба зан, “ Истиқлол”!…» оҳанг бастааст: «Ин сурудро Фахриддини Малик дар ҳамбастагии сарояндагони хори Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ сароидааст. Зарба зан, зарба зан “Истиқлол” !…».

Овозхони тоҷик Фахриддини Малик дар сӯҳбат ба мо гуфт, шахсан аз ягон дастаи футболи Тоҷикистон мухлисӣ намекунад: «ман барои тамошо ва бозии футбол вақт надорам. Лекин агар дастаҳои футболи мо дар ягон мусобиқа ғолиб омада, парчами давлатро боло кунанд хеле хурсанд мешавам. Яъне дар маҷмуъ ман мухлиси пешрафти кулли футболи Тоҷикистонам.»

Бояд гуфт, ки аввалин суруд дар васфи дастаи футбол дар Тоҷикистон ба тими як замон машҳури «Помир»-и Душанбе тааллуқ дошт. Матни ин суруд, ки дар авҷи шӯҳрати дастаи «Помир», авохири солҳои 80-ум ва авоили солҳои 90-уми қарни бистум ба гимни ин тим табдил ёфта буд, ба қалами шоир Камол Насрулло тааллуқ дорад, ки онро бастакор Амирбек Мӯсоев ба оҳанг дароварда, ҳунарманди варзида Ҷамшед Исмолилов сароидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG