Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Чин як мард 22 шогирдони мактабро маҷрӯҳ кард


Дар Чин як марди мусаллаҳ бо корд 22 толибилми мактабро маҷрӯҳ кард. Ба иттилои хабаргузории Синхуа, ин ҳодиса дар назди дарвозаи мактаби деҳаи Ченпени вилояти Хэнан ба вуқӯъ пайваст. Ҳамлагар бо номи Мин, сокини 36 солаи деҳаи Ченпен, ҳам ҷароҳат бардоштааст. Кормандони полис ӯро боздошт карданд.

Дар бораи он ки ҷароҳатҳои бардоштаи кӯдакон то куҷо сангин аст, иттилое зери даст нест. Ибтидо дар бораи ба бемористон интиқол ёфтани ҳама маҷрӯҳон хабар дода мешуд ва аммо баъдан иттилоъ дода шуд, ки фақат ду нафар бистарӣ шудаанд.

Солҳои ахир дар Чин ҳамлаҳои зиёде ба шогирдони мактаб ва тарбиягирандагони дабиристон ба амал омад, ки бар асари онҳо чанд кӯдак ба ҳалокат расиданд.

Ҳукумати Чин баъд аз чанд ҳамла дар мавриди таҳкими ҳифзи мантабу дабиристонҳо тасмим гирифт. Ҳамчунин, дар кишвар фурӯши кордҳои бузург маҳдуд карда шудааст ва ҳангоми харидории онҳо шаҳрвандон бояд шиносномаи худро нишон диҳанд ва кордро дар идораи полис чун “асбоби хатарнок” сабт намоянд.
XS
SM
MD
LG