Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

А. Каримов: «Орзу дорам қаҳрамони ҷаҳон шавам»


Акмалиддин Каримов.
Акмалиддин Каримов.

Акмалиддин Каримов, паҳлавони маъруфи тоҷик, имсол дар риштаи самбо ба дастовардҳои бузург мушарраф шудааст.

Вай меҳмони барномаи «Ҷаҳони варзиш»-и радиои Озодӣ буд ва бо ӯ Фирдавси Низом, коромӯзи РО, сӯҳбат кард.

-Аввалан мегуфтед, ки соли 2012 барои шумо чӣ гуна сол буд?

-Соли 2012 барои ман соли хеле пурбарор буд. Дар чаҳор марҳилаи Ҷоми ҷаҳонии самбо, мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон ва Осиё дар вазни то 57 килограмм иштирок кардам. Дар ҳамаи ин мусобиқаҳои ҷаҳонию қитъавӣ ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтам. Дар як марҳилаи Ҷоми ҷаҳон дар Маскав, ки барои дарёфти ҷоизаи паҳлавони маъруф, генерал Асламбек Аслаханов буд, ғолиб шудам. Ҳамчунин дар ду марҳилаи дигар дар Қазоқистон ва пойтахти Русия сазовори ҷойҳои дуюм гаштам. Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар пойтахти Беларус – Минск ҷои дуюмро гирифтам. Инчунин дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё ғолиб шудам.Ман фикр мекунам, ки инҳо барои ман дастовардҳои бузурганд.

-Чанд сухан дар бораи худ мегуфтед.

-Ман 5-уми январи соли 1990 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадаам. Аз синни дувоздаҳсолагӣ ба ҳамин намуди варзиш, самбо таҳти роҳбарии устод Маҳмадшариф Сулаймонов машғул ҳастам. Зиёда аз сӣ медал ба даст овардаам. Дар бисёр мусобиқаҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои аввалу дуюм гаштаам. Соли гузашта Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимовро хатм намудам. Як сол дар бошгоҳи марказии варзишии артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хидмат кардам. Ҳоло муҷаррадам.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:30 0:00
Линки мустақим


-Чаро шумо маҳз ин намуди варзиш, яъне самборо интихоб кардед?

-Вақте ки тавассути оинаи нилгун гуштигирии ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов ва дигар паҳлавонони маъруфро медидам, шавқу завқам ба гуштии самбо зиёд мешуд ва роҳи толори варзиширо пеш гирифтам.

-Шумо дар куҷо тамрин мекунед ва шароитҳо чӣ гунаанд?

-Дар шаҳри Душанбе, дар толори мактаби маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштӣ тамрин мекунам. Рости гап, шароит он қадар хуб нест. Пеш аз ҳама барои варзишгар толоре, ки оби гарм дошта бошад, баъдан ғизои хуб зарур аст, ҳамчунин меҳнат ва завқ. Вақте ки варзишгар дар арсаи байналмилалӣ муваффақ мешавад ва ба Ватан бармегардад, ӯ бояд қадрдонӣ шавад. Вале, мутаассифона, ягон бор барои дастовардҳоям мукофотинида нашудаам. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, кӯшиш мекунем ба муваффақиятҳо ноил гардем ва парчами кишварро дар арсаи ҷаҳон баланд бардорем.

-Ба назари Шумо чаро то имрӯз, яъне дар тӯли 37 сол, ягон паҳлавони дигари Тоҷикистон ба мисли Саидмуъмин Раҳимов дар риштаи самбо миёни бузургсолон қаҳрамони ҷаҳон нашудааст?

-Дар самбо байни наврасону ҷавонон қаҳрамони ҷаҳон дорем, лекин байни бузургсолон, воқеан нест. Чунон ки гуфтам, ман имсол дар мусобиқаи ҷаҳонӣ ҷои дуюмро гирифтам. Дар даври ниҳоӣ бо паҳлавони озарбойҷонӣ кувваозмоӣ кардам, ҳисоб мусовӣ - 3 бар 3 шуд. Доварон аввал ғалабаро ба ман дода, дастамро боло карданд. Вале баъдан сардовари мусобиқа довари болои гилемро назди худ хонд, чӣ машварате карданд, ки ин дафъа паҳлавони Озарбойҷонро ғолиб донистанд. Дарвоқеъ, дар ҳамон толоре, ки Саидмуъмин Раҳимов тирамоҳи соли 1975-ум дар шаҳри Минск қаҳрамони ҷаҳон шуда буд, ман барандаи медали нуқра шудам. Агар шароит хубтар бошаду бисёртар машқ кунем, албатта, дар оянда ба мисли Саидмуъмин Раҳимов қаҳрамонҳои ҷаҳон пайдо мешаванд.

-Шумо чӣ орзу доред?

-Орзуи ман, албатта, қаҳрамони ҷаҳон миёни бузургсолон шудан аст.
XS
SM
MD
LG