Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдулқодирзода: 21-уми декабр дунё ба охир намерасад!


Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон

Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон аз мардум даъват кардааст, ки ба овозаҳо дар бораи поён ёфтани дунё дар рӯзи 21-уми декабр, бовар накунанд.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, рӯзи 14-уми декабр, зимни намози ҷумъа дар Масҷиди марказии пойтахт ин овозаҳоро, ки як ҳафта пас дунё ба охир мерасад, "афсона" хонд. Саидмукаррам Абдулқодирзода, ки дар назди садҳо намозгузор сухан мекард, таъкид намуд, ки дар Тоҷикистон баъди пахши хабарҳо аз тариқи васоити ахбори омма, бисёри мардум бовар кардаанд, ки рӯзи ҷумъаи оянда, 21-уми декабр, дунё ба охир мерасад.

Ҷаноби Абдулқодирзода афзуд, ки ба охир расидани дунёро ба ҷуз Худованд касе намедонад ва мардум бояд афкори худро ба ин банд насозанд, чун дунё на ин ҳафта, на ҳафтаи дигар ва солҳои оянда низ ба охир намерасад. Ин дар ҳолест, ки пас аз пахши як силсила филмҳои мустанад аз тариқи шабакаҳои русӣ, шумораи афроде, ки охири дунёро дар ҳафтаи оянда интизоранд, дар Тоҷикистон бештар шудааст.

Дар ин филмҳо гуфта мешавад, ки 21-уми декабр охирин рӯзи дунё аст ва ин пешгӯӣ гӯё аз тарафи донишмандон тасдиқи илмӣ пайдо кардааст. Ҳамчунин нашрияҳои гуногун ба нақл аз рӯзномаву маҷаллаҳои аврупоӣ далелу омилҳои поён ёфтани дунёро ба нашр расондаанд. Ба ақидаи астрономҳо, рух додани ҳодисаҳои табиӣ, ба мисли афтидани ҷирмҳои осмонӣ ё метеоритҳо вуҷуд дорад, ки бархе аз чунин ҳодисаҳо ба осонӣ пешгӯӣ карда мешаванд.

Абдуҷалол Сафаров, нуҷумшиноси тоҷик, мегӯяд, "барои мисол 60 милллион сол пеш санге аз осмон ба замин афтид, ки қисмати зиёди динозаврҳоро нест кард. Ҳодисаҳои табиӣ зиёданд, аммо ба охир расидани дунёро пешгӯӣ карда намешавад."

Ба гуфтаи ҷаноби Сафаров, бар асоси тақвими «Моё» (тамаддуни қадимие дар Амрикои то Колумб) 21-уми декабр соли нав мешавад ва шояд ҳамин боиси пайдо шудани чунин овозаҳо гардидааст, ки гуё дунё ба поён мерасад.

Дар ҳоле, ки хабари ба охир расидани дунё, ҳатто афроди нобоварро ҳам каме дудила кардааст, равоншиносон мегӯянд, ки бояд ниҳодҳои амниятӣ ва ВАО-и кишвар аз паҳншавии босуръати хабари поёни дунё пешгирӣ кунанд ва танҳо овоза будани ин хабарҳоро шарҳ диҳанд, то мардум бо хотири ҷамъ, чун солҳои пешин аз пайи хариди солинавӣ ва ороиши дастархони идона шаванд.

Шумо ба рӯзи қиёмат будани 21 декабр бовар доред?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:09 0:00
XS
SM
MD
LG