Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав изҳороти мансабдорашро рад кард


Вазорати умури хориҷаи Русия хабарҳо дар бораи изҳороти намояндаи раисиҷумҳур дар умури Ховари Миёна ва муовини вазири умури хориҷӣ Михаил Богдановро такзиб кард. Намояндаи расмии вазорат Александр Лукашевич гуфт, ки Богданов дар робита ба авзоъ дар Сурия изҳороте нашр накардааст ва Русия ба ҷуз ҳалли сиёсӣ дигар роҳи бурунрафт аз бӯҳрони Сурияро намебинад.

Ба гуфтаи Лукашевич, рӯзи панҷшанбе дар Палатаи ҷамъиятии Русия авзоъ дар Ховари Миӣна, аз ҷумла, дар Сурия баррасӣ шуд ва дар он аз иддаои намояндагони мухолифини ҳукумати Димишқ ёдоварӣ гардид, ки пирӯзӣ аз болои ҳукумати Башор Асадро пешбинӣ кардаанд.

Аз ин пеш хабар дода мешуд, ки ИМА ва раҳбарони мухолифини Сурия аз изҳороти мақомоти Русия дар бораи эҳтимоли суқути режими Башор Асад истиқбол кардаанд. Бар пояи хабарҳо, Михаил Богданов гуфтааст, ки раисиҷумҳури Сурия Башор Асад назорати кишварро аз даст раҳо мекунад ва шояд аз сӯи ошӯбгарон сарнагун шавад.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки Маскав имкони ба кишвар интиқол додани шаҳрвандони руси муқими Сурияро баррасӣ мекунад. Ба гуфтаи мансабдори рус, онҳо асосан занҳои бо мардҳои суриягӣ хонадоршуда ва фарзандони онҳоянд. Михаил Богданов афзудааст, ки бар пояи иттилои ӯ бахши аъзами русиягиҳои муқими Сурия аз мухолифини мусаллаҳ пуштибонӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG