Пайвандҳои дастрасӣ

Гуфтушунид дар Теҳрон як моҳ баъд идома хоҳад кард


Мақомоти Эрон аз дастёбӣ ба пешрафт дар музокирот бо ҳайати Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ё МАГАТЭ дар Теҳрон хабар доданд. Аммо ҳайати МАГАТЭ гуфтушунид оид ба барномаи ҳастаии Эронро расман ташреҳ накардааст.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки мулоқоти навбатӣ миёнаҳои моҳи январ дар Теҳрон баргузор шавад.

Ҳайати Оҷонс ба хотири тафтиши муассисаи ҳастаии Порчин ба Эрон омада буд. Аммо то ҳол маълум нест, ки ба ҳадафи худ расидааст ё хайр.

Рӯзи панҷшанбе раиси ҳайати МАГАТЭ Ҳерман Накҳаетс гуфта буд, агар мақомоти Теҳрон иҷозат диҳанд, муфаттишон омодаанд, ки ба зудтарин фурсат Порчинро тафтиш кунанд.

Кишварҳои ғарбӣ Эронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ муттаҳам мекунанд. Аммо Эрон мегӯяд, барномаи ҳастаияш комилан сулҳомез аст ва ҳадафаш фақат тавлиди энержист.
XS
SM
MD
LG