Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав тасдиқ кард, ки "муҳоҷирон пули худро пурра нагирифтаанд"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Шаҳрдории Маскав барои ҳалли мушкили муҳоҷирони мӯътаризи тоҷик, тасмим гирифтааст, онҳоро дар ихтиёри корфармои нав гузорад.

Шаҳрдории Маскав дар сӯҳбат бо расонаҳои русӣ таъхири пардохти маош ба муҳоҷирони тоҷик дар ноҳияи Измаилови Шимолиро тасдиқ кардааст.

Андрей Иванов, котиби матбуоти шаҳрдории Маскав дар минтақаи шимолӣ, ба хабаргузориҳои русӣ гуфтааст, воқеан, муҳоҷирони тоҷик, ки аз ҷониби ширкати хусусии "РЭУ-18" дар кӯчаи 16-уми Парковая ба кӯчарӯбӣ ҷалб шудаанд, маоши худро саривақт ва пурра нагирифтаанд.

Қаблан, 26 муҳоҷири тоҷик, бо баргузории як тазоҳурот дар кӯчаи 16-уми Парковая, талаб карданд, ки маоши нимсолаи онҳо пардохт шавад. Онҳо дар рӯзи аввали боридани барф дар Маскав коршиканӣ намуда, иҷрои дархостҳои худро тақозо намуданд.

Андрей Иванов, дар суҳбат бо хабаргузории "Интерфакс" гуфтааст, ҳоло ин муҳоҷирон ба поккории кӯчаҳо баргаштаанд, аммо мушкили дарёфти маошашон ҳамоно ҳалношуда боқӣ мондааст. Иванов афзудаст, корхонаи "РЭУ-18" аз мақомоти андоз ҳам қарздор аст ва ҳамаи маблағҳое, ки ба суратҳисоби ин ширкат мегузаранд, барои пардохти андоз равона мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, барои ҳалли мушкили муҳоҷирони кӯчарӯби тоҷик, Иванов гуфтааст, ки онҳо ба ихтиёри ширкати нав гузошта хоҳанд шуд ва "РЭО-18" аз масъулияти идораи поксозии кӯчаҳо озод хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG