Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Райс намехоҳад котиби давлатии ИМА шавад


Сюзан Райс
Сюзан Райс
Сюзан Райс эълон кард, ки аз номзадӣ ба курсии котиби давлатии ИМА даст мекашад. Дар паёме ба номи президенти ИМА Барак Обама Райс навиштааст, ки тасдиқи номзадиаш дар Сенат осон нахоҳад буд ва аз ин рӯ, ӯ мехоҳад номзадиаш канор гузошта шавад. Райсро барои изҳороте, ки баъди ҳамлаи 11-уми сентябр болои консулгарии ИМА дар шаҳри Бенғозии Либия намудааст, борҳо танқид кардаанд. Президентии ИМА изҳороте пахш намуда, иброз дошт, ки аризаи Райсро қабул кардааст ва бовар дорад, ки Райс ҳамоно иҷрои вазифаи сафири ИМА дар СММ-ро идома медиҳад. Расонаҳои амрикоӣ тахмин мекунанд, ки акнун шояд Ҷон Керрӣ-сенатори демократ аз аёлати Массачусетс ва довталаби нокоми курсии президенти ИМА дар соли 2004-ум номзад ба мақоми котиби давлатии ИМА эълон шавад.Ҳилларӣ Клинтон нақша дорад, ки моҳи январи соли оянда аз вазифаи котиби давлатии ИМА ба истеъфо равад.
XS
SM
MD
LG