Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА таҳрими Эронро тавсеа мебахшад


ИМА дар иртибот бо барномаи ҳастаии Теҳрон таҳрими Эронро тавсеа бахшид. Вазорати молияи ИМА эълон кард, ки таҳрими ахир ба ҳафт ширкат ва панҷ шахси алоҳида дахл дорад. Онҳо ба ақидаи мансабдорони амрикоӣ дар пешбурди барномаи ҳастаии Эрон саҳм доранд. Бар пояи таҳрим суратҳисобҳои ин афрод дар бонкҳои ИМА ҳабс мешаванду ширкатҳову шаҳрвандони алоҳидаи амрикоӣ ҳақ надоранд бо онҳо ҳамкорӣ кунанд. Ба гуфти мақомоти ИМА ҳадаф аз ин даври таҳримҳо мутаваққиф намудани таъминоти байналмилалии Созмони нерӯи атомии Эрон, ширкати фанновариҳои сентрифугии ин кишвар ва барномаи ғанигардонии уран дар ҷумҳурии исломӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG