Пайвандҳои дастрасӣ

Сурия истифодаи мушакҳои Скадро рад кард


Шахсе дар шоҳроҳи миёни Димашқ ва Ҳумс дар макони бархӯрди мушаки Скад ба замин акс гирифтааст

Шахсе дар шоҳроҳи миёни Димашқ ва Ҳумс дар макони бархӯрди мушаки Скад ба замин акс гирифтааст

Ҳукумати Сурия гузоришҳо дар бораи истифода аз мушакҳои Скад бар зидди мухолифинашро такзиб кардааст. Рӯзи панҷшанбе як мақоми вазорати корҳои хориҷии Сурия гуфт, ки ин гузориш “овозаи беасос” аст. Ӯ афзудааст, ки ҳадаф аз ин гуна гузоришҳо бадном кардани Сурия мебошад. Рӯзи чоршанбе ИМА ва паймони НАТО нерӯҳои вафодор ба президенти Сурия Башор ал-Асадро бо истифодаи мушакҳои Скад дар манотиқи шимолии таҳти назорати мухолифин муттаҳам карда буданд. Дар ҳамин ҳол ошӯбгарони Сурия изҳороти муовини вазири корҳои хориҷии Русияро, ки ояндаи режими Башор ал-Асадро таҳти суол қарор медиҳад, хуш пазироӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG