Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии барномаи баҳсбарангези ҳастаии Эрон


Акси коргоҳи ҳастаии Парчин

Акси коргоҳи ҳастаии Парчин

Дар Теҳрон ҳайатҳои ҷумҳурии исломӣ ва нозирони Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ барнома ҳастаии баҳсбарангези Эронро баҳс намуданд. Мулоқоти рӯзи панҷшанбе даври шашуми гуфтушуниди ҳайати Эрон бо нозирони бунгоҳи ҳастаии СММ будааст. Расонаҳои эронӣ иддао доранд, ки дар музокирот пешрафт ҳосил шудааст, вале ягон тафсилоти дода намешавад. Маълум нашудааст, ки мақомоти Теҳрон нозирони ҳастаии Агентии байналмилалии нерӯи атомиро ба коргоҳи ҳастаии Парчин роҳ хоҳанд дод ё не? Нозирон тахмин мекунанд, ки дар ин коргоҳи низомии воқеъ дар ҷануби шарқи пойтахти Эрон, шояд озмоиши силоҳи ҳастаӣ сурат гирифта бошад. Ҷонибҳо мувофиқат кардаанд, ки музокиротро дар моҳи январ давом диҳанд. Кишварҳои ғарбӣ хавф доранд, ки ҳадафи аслии барномаи ҳастаии Эрон тавлди силоҳи ҳастаӣ мебошад, вале мақомоти Тҳверон исрор меварзанд, ки барномаи ҳасатии Теҳрон ҳадафҳои комилан мулкӣ дорад.
XS
SM
MD
LG