Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай даъват ба мулоқот бо Обамаро пазируфт


 Ҳомиди Карзай ва Барак Обама
Ҳомиди Карзай ва Барак Обама
Президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай даъватномаи президент Барак Обамаро пазируфта, мувофиқат кардааст, ки моҳи оянда дар Вашингтон сарнавишти минбаъдаи Афғонистонро баррасӣ кунад.
Рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Кобул дар нишасти муштарак бо вазири мудофиаи ИМА Леон Панетта президенти афғон гуфт, мавзӯи асосии музокироти ӯ бо раҳбари ИМА арзёбии шумораи сарбозони амрикоӣ хоҳад буд, ки баъди беруншавии нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон, яъне баъди соли 2014-ум дар хоки Афғонистон боқӣ мемонанд.
Панетта изҳор намуд, ки эҳтимол мулоқоти ду раҳбар дар ҳафтаи дуюми моҳи январ доир шавад. Дар мулоқот бо вазири мудофиаи Афғонистон Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ Панетта гуфт:
Фармондеҳи нерӯҳои ИМА ва НАТО дар Афғонистон генерал Ҷон Аллен барномаи нерӯмандеро матраҳ намудааст, ки на танҳо солҳои 2013 ва 2014-ум, балки баъд аз онро ҳам мадди назар дорад. Ман бовар дорам, ки ИМА ва Афғонистон дар иҷрои ин барнома муттаҳид хоҳанд буд.”
Дар ҳоли ҳозир мансабдорони ИМА ва Афғонистон музокироти фарогири нақш ва ҳузури нерӯҳои ИМА дар Афғонистонро баҳс мекунанд.
XS
SM
MD
LG