Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Донорҳо дар Данғара шифохонаи умумӣ месозанд


Шоҳроҳи Кӯлоб-Данғара

Шоҳроҳи Кӯлоб-Данғара

Бунёди рушди байналмилалии Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт(OPEC) эълон кардааст, ки барои бунёди шифохонаи умумии шаҳри Данғара 2,8 миллион доллар тахсис медиҳад. Пешбинӣ мешавад, ки ба ин маблағ як шифохонаи дорои 115 ҷои хоб сохта мешавад, ки дар он беш аз ду миллион аҳолии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои ҳаммарз табобат хоҳанд гирифт. Аслан рӯзи панҷшанбе дар Вена Бунёди рушди байналмилалии OPEC 22 барномаи тақдими қарз ба маблағи 300 миллион долларро, ки дар 23 кишвари коршарики OPEC иҷро хоҳанд шуд, тасдиқ кард. Ба гуфтаи масъулони Бунёд лоиҳаҳо бо ҳамдастии ҳукуматҳои маҳаллӣ татбиқ шуда, дар рушди соҳаҳои нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, маориф ва беҳдошт кумак хоҳанд расонд.
XS
SM
MD
LG