Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рибак раиси парлумон ва Азаров нахуствазири нави Украина


Азаров боз нахуствазири Украина интихоб шуд
Азаров боз нахуствазири Украина интихоб шуд
Владимир Рибак, номзад аз ҷиноҳи Ҳизби манотиқ раиси Верховная Радаи Украина интихоб шуд. Аз номзадии ӯ 250 вакили парлумон пуштибонӣ карданд. Владимир Рибаки 66 сола аз рӯи ихтисос иқтисоддон ва яке аз муассисони Ҳизби манотиқ маҳсуб мешавад.

Имрӯз ҳам дар иҷлосияи парлуомни Украина миёни вакилон бархӯрд ба вуқӯъ пайваст. Вакилони миллатгаро аз ҳизби “Озодӣ” аз вакил аз ҳизби манотиқ Вадим Колесниченко талаб карданд, ки бо забони украинӣ ҳарф занад. Ин талаб боиси низоъ миёни вакилон шуд.

Имрӯз ҳамчунин Николай Азаров дубора дар мақоми нахуствазири Украина пазируфта шуд. 252 вакили Верховная Рада ба ӯ раъй доданд. 3 декабр раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович аризаи истеъфои сарвазир Николай Азаровро бинобар вакили парлумон интихоб шуданаш қабул карда буд.
XS
SM
MD
LG