Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси масоили марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар Суғд


Намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 12-уми декабр масоили марбут ба марзи ин ду кишварро дар як нишасти муштарак дар шаҳри Қайроққум баҳс кардаанд. Дафтари Барномаи Рушди Созмони Милал, ки барои баргузории ин ҷаласа кумак кардааст, бо нашри иттилоияе гуфт, дар ин нишаст 35 узви гурӯҳи корӣ, ки намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва мақомоти қудратии Тоҷикистону Қирғизистон мебошанд, ширкат кардаанд.

Бино бар ин иттилоия, дар ҷараёни ин нишаст мақомоти маҳаллии Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон натиҷаи амалишавии барномаи ҳамкорӣ дар соли 2012-ро муҳокима ва нақшаи ҳамкориҳо барои панҷ соли ояндаро тасдиқ намудаанд. Инчунин, рӯзи 11-уми декабр мақомоти маҳаллӣ ва мақомоти қудратии вилояти Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон дар шаҳри Исфара дар мавзӯи "такмил додани ҳамкориҳои трансcарҳадии байни деҳоти ду кишвари ҳамсоя" семинари якрӯза доир кардаанд. Барномаи Рушди Созмони Милал мегӯяд, интизор дорад, ин ду чорабинӣ барои ҳалли масъалаҳои марбут ба минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон кумак хоҳанд кард.

Тайи солҳои охир барои қитъаи замин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон хархашаҳо миёни сокинони ду тараф сурат гирифта, бо дахолати мақомоти маҳаллӣ ҳалли худро ёфтааст. Вилояти Суғди Тоҷикистон бо вилояти Ботканди Қирғизистон ҳудуди 270 километр марзи муштарак дорад ва дар минтақаи Бобоҷон Ғафуров роҳи мошингарди Хуҷанд-Конибодом маҳалҳои тоҷикону қирғизҳоро аз ҳам ҷудо мекунад.
XS
SM
MD
LG