Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Покистон афғонҳои фирориро аз кишвар берун намекунад


Мақомоти Покистон мӯҳлати мақоми паноҳандагии афғонҳои муқими кишварро, ки бояд 30 декабр поён ёбад, барои шаш моҳи дигар тамдид хоҳанд кард.

Ба иттилои Исломобод, айни ҳол дар кишвар 1,6 миллион афғон ҳамчун паноҳанда номнавис шудаанд ва тақрибан як миллион нафари дигар ғайриқонунӣ ба сар мебаранд. Коршиносон мегӯянд, ки бештари онҳо бар асари вазъи ноором ва иқтисоди хароби Афғонистон хоҳиши бозгашт ба ватанро надоранд. Ҳукумати Покистон хабар дод, ки афғонҳоро аз роҳи зурӣ аз кишвар ронданӣ нест.

Афғонҳое, ки мақоми паноҳандагиро доранд, соҳиби санади расмиянд ва аз он ҳангому кору таҳсил истифода мекунанд.
XS
SM
MD
LG