Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили бонкоматҳо. Айб дар интернет ё бонкҳо?


Бонки миллии Тоҷикистон барои баррасии шикояти мардум аз фаъолияти бонкоматҳо бо ҷалби раисони бонкҳои кишвар ҷаласаи махсус баргузор кардааст.

Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбе, 13-уми декабр, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо назардошти шикояту аризаҳои бешумори сокинони кишвар дар хусуси бонкоматҳо, Бонки Миллӣ ҷаласаи махсус даъват кардааст.

Ба иттилои Қурбонов сокинони Тоҷикистон дар муроҷиатҳои худ ба Бонки миллӣ зикр кардаанд, ки наметавонанд саривақт маблағи худро аз бонкоматҳо бигиранд, чун дар бисёри ҳолатҳо бонкоматҳо фаъол нестанд ва ё маблағ надоранд. Сокинон шикоят кардаанд, ки бонкоматҳо аксаран бо асъори хориҷӣ, аз ҷумла доллар таъмин нестанд.

Бо мақсади муайян намудани фаъолнокии бонкоматҳо тайи ду рӯз комиссияи Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ санҷиш гузаронда, маълум кардаанд, ки аз 200 бонкоматҳои санҷидашуда 54 -тои он бо сабабҳои техникӣ, надоштани пул ва ғайра кор намекунанд. Масъулини Бонки миллӣ мегӯянд вазъи ташвишовар бештар дар шаҳри Душанбе ба назар мерасад.

Раисони бонкҳои Тоҷикистон дар нишасти даъватнамудаи Бонки миллӣ, беназмии кори бонкоматҳоро ба интернет марбут гуфтаанд, ки вақте хатти интернет канда мешавад бонкоматҳо аз фаъолият мемонанд. Сабаби дигарро дар он гуфтаанд, ки чун оғози ҳар моҳ сокинони кишвар музди моҳонаи худро якбора мегиранд, маблағ дар бонкоматҳо зуд тамом мешавад.

Зимни ин нишаст раҳбарияти Бонки миллӣ ба бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон тавсия додааст, ки теъдоди банкоматҳои худро бештар кунанд ва реҷаи кори худро тавре ба роҳ монанд, ки мардум пулашонро аз бонкоматҳо, сарфи назар аз он, ки рӯзи корӣ аст ё истироҳат шаб аст ё рӯз дарёфт кунанд.

Ин дар ҳолест, ки оғози ҳар моҳ мардуми Тоҷикистон бо камбуди фаъолияти бонкоматҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Ахиран бархе аз коргарон, ки маошашонро тавассути бонкоматҳо мегиранд, талаб карданд, ки бонкҳо барои таъхиркориҳо фоизи муайян диҳанд.

Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, зимни нишасти ахири матбуотиаш дар Душанбе ин иддаои коргаронро мантиқӣ ва қобили дастгирӣ гуфт. Ширинов таъкид намуд, ки бонкҳо бояд барои маблағҳои мардум, ки як рӯзу ду рӯз ҳам дар гардишашон ҳастанд, як фоизи муайян пардохт кунанд.

Айни ҳол теъдоди нафароне, ки соҳиби корти пластикиянд ва аз хизматрасониҳои бонкоматҳо истифода мебаранд, ҳудуди 500 ҳазор нафар ва шумораи бонкоматҳо дар Тоҷикистон 416 адад арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG