Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Наздикони Шамсияи Маъруф, сокини 22-солаи ҷамоати Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ, як ҳафта боз ӯро ҷустуҷӯ доранд.

Бозор Холиқов, сокини ҷамоати Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ, ба дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе омада ва гуфт, хоҳарзодааш -- Шамсияи Маъруф субҳи 6-уми декабр аз манзили зисташ, воқеъ дар маҳаллаи Ҳалқаҷари ҷамоати Гулистон (5-километрии шарқи пойтахт), берун рафта, то кунун барнагаштааст

Ҷаноби Холиқов гуфт, аз сабаби он ки аксарият аз саҳфаи Радиои Озодӣ боздид мекунанд, ба нияти пайдо кардани хоҳарзодааш ба мо муроҷиат кардааст. "Шояд нафаре аз хонандагон тавонад, дар пайдо кардани хоҳарзодаам ба мо кумаке намояд",-изҳори умед кард Холиқов.

Шамсияи Маъруф ҳамагӣ 22 сол дошта, соҳиби ду фарзанд будааст. Тағояш мегӯяд, Шамсия дар пайи хархаша бо шавҳараш бидуни шарҳу тавзеҳ хонаро тарк гуфта, то ҳол барнагаштааст. Наздикони ӯ мегӯянд, барои пайдо кардани Шамсия ба мақомот ҳам муроҷиат карда, мунтазири хабаре аз ӯ нишастаанд.

Агар Шумо, хонандаи азиз, аз Шамсияи Маъруф хабаре доред ва ё ӯро дар куҷое дидаед, лутфан, моро дар ҷараён гузоред.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG