Пайвандҳои дастрасӣ

Афви Байнулмилал аз ҳукумати Покистон интиқод кард


Созмони байнулмилалии Amnesty International ё Афви Байнулмилал мақомоти Покистонро барои нақзи ҳуқуқи башар дар шимолу ғарби кишвар - дар манотиқи ҳаммарз бо Афғонистон интиқод кард. Дар гузориши нави ин созмон гуфта шудааст, ки мардуми ин манотиқро ҳам толибон ва ҳам низомиёни покистонӣ пайваста азият медиҳанд.

Дар манотиқи қабоилнишин ҳодисаҳои зиёди ҳамлаву одамрабоӣ ва тарсонидани мардуми осоишта рӯй медиҳанд.Муаллифони гузориш далелҳои боздошти наврасону мардҳо аз сӯи хадамоти амниятиро овардаанд. Бештари боздоштшудагон мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд.

Дар гузориши Amnesty International гуфта шудааст, сабаби ин гуна бадрафтории низомиён он аст, ки дар манотиқи марзӣ ба ҳуқуқи башар арҷ гузошта намешавад.

Афви Байнулмилал аз мақомоти Покистон даъват кардааст, ки дар манотиқи қабоилнишин ислоҳоти низоми қонунбарориро ба роҳ монанд.
XS
SM
MD
LG