Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажуҳишгоҳ: "Тоҷикистонро буҳрони орд таҳдид мекунад"


Пажуҳишгоҳи стратегии Қазоқистон аз эҳтимоли буҳрони орд дар оғози соли 2013 дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ҳушдор дод.

Булат Султонов, раҳбари Пажӯҳишгоҳи стратегии Қазоқистон, рӯзи чоршанбеи 12-уми декабр, зимни як ҷаласаи илмӣ дар Остона гуфтааст, пайомади хушксолиҳои имсола дар оғози соли оянда дар кишварҳои Осиёи Миёна эҳсос хоҳанд шуд. Ӯ бавижа (махсусан) номи Тоҷикистонро зикр кардааст, ки пойбанди ғаллаи қазоқӣ буда, ғизои аксари аҳолии ин кишвар нону чой аст.

Имсол ҳосили ғалла дар Қазоқистон нисбат ба соли гузашта тақрибан ду баробар камтар ҷамъоварӣ шудааст. Ҷаноби Султонов бо ишора ба ин, таъкид кардааст, ки шиддати асосӣ бозори ордро моҳҳои январ ва феврал фаро хоҳад гирифт.

Нархи орд дар Тоҷикистон дар панҷ-шаш моҳи охири соли ҷорӣ якбора аз 100 сомонӣ то 180 сомонӣ боло рафта буд. Вале дар чанд ҳафтаи охир дар Тоҷикистон нархи як халта орди 50-килоии навъи олӣ аз 180 сомонӣ ба 155 сомонӣ коҳиш ёфтааст. Тоҷирон ҳадс мезананд, ки бо ин равиш нархи орд аз ин ҳам пасттар хоҳад шуд.

Савдогарони орд мегӯянд, ҷаҳиши нархи орд дар чанд моҳи ахир сокинони кишварро ба таҳлука андохт ва онҳо аллакай ба миқдори муайян ин маҳсулотро захира карда, ҳоло хариди ин мавод камтар шудааст.

Фирӯз Ҷӯраев, як тоҷири орд дар бозори "Фаровон", мегӯяд, агар яке аз сабабҳои поён рафтани нархи орд, кам шудани талабот ба он бошад, сабаби дигараш афзоиши пешниҳодот ва ҳамчунин коҳиши харҷи интиқол мебошад: "Сабаби нисбатан арзон шудани нархи орд дар он аст, ки дар худи Қазоқистон истеҳсоли орд зиёд шуд. Аз тарафи дигар бо сабаби боз гардидани нақби Шаҳристон, ки мушкил ва харҷи роҳро кам кард, қимати роҳкиро барои як халта орд низ то як доллар арзонтар шуд. Ҳоло дар Суғд 11 осиёби нав ба истифода дода шуд, ки дар 1 шабонарӯз то 200-300 тонна гандуми Қазоқистонро орд мекунад. Мо низ аксаран аз Суғд ҳамин ордро ба бозор ворид мекунем."

Тоҷикистон солона тақрибан ба 2 миллион тонна ғалла ниёз дорад, ки танҳо зери 1 миллионаш аз ҳисоби тавлидоти дохилӣ ба даст меояд. Бақияи маводи зарурӣ аз хориҷ, асосан аз Қазоқистон оварда мешавад. Бино бар омори расмӣ, ҳоло ҳар моҳ аз Қазоқистон 28 000 тонна орду 37 000 тонна гандум оварда мешавад.
XS
SM
MD
LG