Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифини Сурияро 120 кишвар эътироф кардаанд


Дар ҳоле, ки бархӯрдҳо миёни нерӯҳои ҳукумати Сурия ва мухолифин ба Димашқ наздик мешаванд, дирӯз дар назди вазорати умури дохилии Сурия се таркиш ба вуқӯъ пайваст. Дар ин ҳодиса камаш 4 кас кушта шудаанд. Ҳамчунон дирӯз дар Марокаш намояндагони 120 кишвари олам мухолифини Сурияро ба ҳайси намояндаи расмии мардуми Сурия эътироф карданд. Ба гуфти онҳо президенти Сурия Башор ал-Асад шаръиятро аз даст додааст. Ин иқдоми ҷамоаи Дӯстони Сурия як рӯз пас аз эътирофи мухолифини Сурия аз тарафи президенти ИМА Барак Обама ба вуқӯъ пайваст. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ин иқдоми ИМА-ро танқид кард. Дар хабари дигар ИМА ва паймони НАТО иддао кардаанд, ки нерӯҳои вафодор ба президенти Асад дар муқобили ошӯбгарон аз мушакҳои Скад истифода бурдаанд. Ба қавли Қасри Сафед истифодаи Скад нишони нотавонии режими Асад аст.
XS
SM
MD
LG