Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтарон намехоҳанд мактаб ба номи Малола бошад


Президенти Покистон дар аёдати Малола Юсуфзай
Президенти Покистон дар аёдати Малола Юсуфзай
Духтарон дар шимоли Покистон намехоҳанд, ки мактабашон ба номи Малола Юсуфзай бошад. Малолаи 15-сола чанде пеш аз тири Толибон маҷрӯҳ шуда, ҳоло дар Британия муолиҷа мегирад. Рӯзи чоршанбе тахминан 150 духтар аз ширкат дар дарс худдорӣ намуда, аз мақомот талаб карданд, ки коллеҷи духтаронаи шаҳри Сайду Шариф-маркази маъмурии водии Сувот, ба номи Малола Юсуфзай набошад. Духтарон метарсанд, ки ин ном мактаби онҳоро ба ҳадафи ҳамлаҳои толибони ифротӣ мубаддал мекунад. Мақомоти маҳаллӣ ба онҳо ваъда доданд, ки қарорашонро бознигарӣ мекунанд ва баъд аз он духтарон аз баргузории гирдиҳамоии эътирозӣ даст кашиданд. Малола дар соли 2009-ум бо блогаш дар бораи бераҳмиҳои Толибон, ки дар бахши урдуи шабакаи ВВс-и Британия ба нашр расид, шӯҳрати зиёд касб намудааст.
XS
SM
MD
LG