Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муфаттишони ҳастаӣ мехоҳанд Парчинро тафтиш кунанд


Акси коргоҳи ҳастаии Парчин аз моҳвора

Акси коргоҳи ҳастаии Парчин аз моҳвора

Имрӯз дар Теҳрон ҳайати коршиносони Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ бо мансабдорони эронӣ барномаи баҳсбарангези ҳастаии ин кишварро баррасӣ мекунад. Пешбинӣ мешавад, ки муфаттишони агентӣ аз мақомоти Эрон маълумот дар бораи коргоҳи ҳастаии Парчинро дархост хоҳанд кард. Ба ақидаи онҳо эҳтимол дар ин коргоҳ бахше аз барномаи тавлиди силоҳи ҳастаӣ амалӣ шуда бошад. Раиси ҳайат Ҳерман Накҳаетс мегӯяд, агар мақомоти Теҳрон иҷозат диҳанд, муфаттишон омодаанд, ба зудтарин фурсат Парчинро тафтиш кунанд.
Муфаттишон бар ин назаранд, ки дар коргоҳи Парчин, воқеъ ҷанубу шарқи пойтахти Эрон, шояд озмоиши силоҳи ҳастаӣ сурат гирифта бошад. Хабаргузориҳо аз нақли президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод иқтибос овардаанд, ки ӯ дар соли 2007-ум бо ишора ба истифодаи тамоми паҳлӯҳои осоиштаи нерӯи ҳастаӣ ҷумҳурии исломиро “кишвари ҳастаӣ” эълон карда буд.
XS
SM
MD
LG