Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерали сербҳои Босния ба ҳабси абадӣ маҳкум шуд


 Здравко Толимир дар толори додгоҳ
Здравко Толимир дар толори додгоҳ
Трибунали ҷиноятҳои ҳарбии СММ бо ҷурми ширкат дар куштори дастаҷамъии Сребренитса дар соли 1995 генерали сербҳои Босния Здравко Толимирро ба ҳабси ҳаётӣ маҳкум кард. Рӯзи чоршанбе додрасҳои СММ гуфтанд, ки Толимири 64-сола куштори дастаҷамъии ҳашт ҳазор мусулмони Босния дар минтақаи Сребренитсаро назорат кардааст. Ин бузургтарин ҷиноят бар зидди башарият аз замони анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Соли 1995 Толимир раиси хадамоти ҷосусии артиши сербҳои Босния ва ҳамзамон муовини Ратко Младич-фармондеҳи артиши сербҳои Босния будааст. Раиси додгоҳ Кристоф Флюге мегӯяд, ҷиноятҳои он давра васеъмиқёсу тоқатфарсо буда, таъсири тороҷкунанда доштаанд.
XS
SM
MD
LG