Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобулу Исломобод ҳамкориро қатъ намекунанд


Ҳомиди Карзай, Абдулло Гул ва Осиф Алӣ Зардорӣ дар Анкара
Ҳомиди Карзай, Абдулло Гул ва Осиф Алӣ Зардорӣ дар Анкара
Дар нишасти сеҷонибаи раҳбарони Покистон, Афғонистон ва Туркия мувофиқат шуд, ки сарфи назар аз сӯиқасд ба ҷони раҳбари идораи амниятии Афғонистон Кобулу Исломобод ҳамкорӣ дар таҳкими назму суботро давом медиҳанд. Рӯзи чоршанбе дар Анкара аснои сӯҳбат бо хабарнигорон дар нишасти муштарак президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай гуфт:
Ин сафар новобаста ба сӯиқасд ба ҷони раиси идораи амнияти миллии Афғонистон Асадулло Холид доир шуд. Мо роҳҳои гуногуни иҷрои ӯҳдадориҳоямонро арзёбӣ кардем. Мо мувофиқат кардем, ки кӯшишҳоямонро давом диҳем, то миёни тарафайн эътимод эҷод шавад.”
Карзай илова кард, ки бо президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ сӯиқасди шашуми декабрро муфассал баррасӣ кардааст. Қабл аз ин вохӯрӣ Карзай гуфта буд, ки ба президенти Покистон шаҳодати даст доштани ин кишвар дар сӯиқасдро намоиш хоҳад дод. Дар навбати худ Зардорӣ гуфт, масъулияти ҳамла бар дӯши онҳоест, ки намехоҳанд Афғонистону Покистон якҷоя баҳри сулҳ талош варзанд.
XS
SM
MD
LG