Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як бритониёӣ барои ҷосусӣ ба зиндон маҳкум шуд


Додгоҳи шаҳри Ландан як сарбози нерӯҳои баҳрии Бритониёро ба ҷосусӣ гунаҳкор донист ва ба 8 соли зиндон маҳкум кард. Ба гуфтаи додситонҳо, Эдвард Девеннии 30-сола саъй кардааст, то асрори низомии кишварашро ба маъмурони амниятии Русия бидиҳад. Эдвард Девенни аз Ирландияи Шимолӣ гӯиё хостааст, кодҳои махфӣ ва тақвими шинои киштиҳои зериобии Бритониёро ба як маъмури MI5 Хадамоти Истихборотии ин кишвар бидиҳад, ки худро ҷосусӣ русӣ вонамуд карда буд. Бино ба гузоришҳо, сарбоз ин корро ба хотири пул накардааст, балки хостааст, аз ҳамин роҳ аз нерӯҳои дарёии Бритониё ниқор бигирад, ки нисбат ба ӯ беадолатӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG