Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Насиҳати" мухолифони давлати Миср ба мардум


Ҷабҳаи Наҷоти Миллӣ, бузургтарин гурӯҳи мухолифони давлати Миср аз мардум хост, дар раъйпурсии умумӣ мухолифи қабули тарҳи Қонуни Асосӣ раъй диҳанд. Ҷабҳаи Наҷоти Миллӣ рӯзи чаҳоршанбе гуфт, агар ҳукумат, амният дар рӯзи раъйпурсиро ба таври муносиб таъмин накунад ва теъдоди кофии додситонҳо ба назорати раъйдиҳӣ, ҷалб нашаванд, онҳо раъйпурсиро таҳрим хоҳанд кард. Мухолифон ҳамчунин хоҳони ҳузури нозирони хориҷӣ дар раъйпурсӣ ҳастанд,ки қарор аст, рӯзи 15 декабр баргузор шавад. Мухолифони давлати Миср мегӯянд, ки тарҳи Қонуни Асосӣ аз тарафи исломгароёни ҳаводори раиси ҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ шитобкорона тасвиб шудааст ва ҳуқуқи баробарро на ба ҳама кафолат додааст. Тасвиби тарҳ тазоҳуроти азимеро дар саросари Миср барангехт.
XS
SM
MD
LG