Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Равӣ Шанкар, ситорнавози мумтози Ҳинд даргузашт


Равӣ Шанкар, оҳангсози маъруфи ҳиндӣ ва навозандаи мумтози ситор, ки овозхонҳои хориҷӣ аз ҷумла гурӯҳи Битлз ҳам аз ӯ илҳом гирифтаанд, дар синни 92-солагӣ даргузашт. Ба гуфтаи хонаводааш, Равӣ Шанкар, ки аз бемориҳои қалб ва роҳҳои танаффус ранҷ мекашид, баъд аз ҷарроҳӣ дар шаҳри Сан Диегои аёлати Калифорнияи Иёлоти Муттаҳида даргузашт. Маҳмоҳан Сингҳ, нахуствазири Ҳинд, Равӣ Шанкарро “ганҷи миллӣ ва сафири фарҳанги Ҳинд барои тамоми ҷаҳон” хонд. Ҷорҷ Ҳаррисон аз гурӯҳи бритониёии Битл ситорнавозиро аз Равӣ Шанкар омӯхтааст. Нора Ҷонс, овозхони ҷавони амрикоӣ фарзанди ӯст.
XS
SM
MD
LG