Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Путин аз дахолат ба умури Русия


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, алайҳи ҳаргуна дахолат ба умури дохилии кишвараш ҳушдор дод. Дар суханронии солонаи худ дар рӯзи чаҳоршанбе Владимир Путин гуфт, русҳое, ки аз хориҷ барои фаъолиятҳои худ пул мегиранд, бояд ба сиёсат роҳ дода нашаванд. Баъди шурӯъи даври саввуми раёсати ҷумҳуриаш дар Русия дар моҳи май, ин нахустин суханронии солонаи ӯст. Чаҳор соли гузашта, Владимир Путин нахуствазири Русия буд. Бо вуҷуди тазоҳуротҳои азим, ӯ моҳи марти соли равон, барои як давраи шашсола раиси ҷумҳур интихоб шуд. Бо бозгашти Владимир Путин ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ, саркӯби дигарандешон ва маҳдудият дар озодиҳои маданӣ дар Русия бештар шудааст.
XS
SM
MD
LG