Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Партоби бомуваффақияти мушаки балистикии Пхенян


Кореяи Шимолӣ бомуваффақият мушаки балистикиро ба фазо фиристодааст. Кореяи Шимолӣ то ҳол ин хабарро тасдиқ накардааст, вале ҳукумати Япония ё худ Ҷопон мегӯяд, мушак баъди 12 дақиқаи аввали парвоз аз силсилаи ҷазираҳои Окинава убур кард. Қаблан Кореяи Шимолӣ эълон карда буд, ки мехоҳад ба фазо моҳвора фиристад. Шореҳон мегӯянд, Кореяи Шимолӣ таҳрими СММ-ро нодида гирифта, мехоҳад фанновариҳои мушакияшро тақвият бахшад. Вақте Кореяи Шимолӣ дар бораи нияти партоби мушак хабар дода буд, Кореяи Ҷанубӣ, ИМА, Япония ва Русия ин тасмими мақомоти Пхенянро маҳкум карда буданд. Партоби имрӯзаи мушак дар арафаи интихобот дар Кореяи Ҷанубӣ ва Япония сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG