Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА Шӯрои мухолифини Сурияро ба расмият шинохт


 Президенти ИМА Барак Обама
Президенти ИМА Барак Обама
Президенти ИМА Барак Обама эълон кард, ки ИМА бузургтарин гурӯҳи мухолифи ҳукумати Сурияро ҳамчун “намояндаи расмӣ”-и мардуми Сурия эътироф мекунад. Ин иқдом маънои онро дорад, ки режими президенти Сурия Башор ал-Асад зери фишори бештари ИМА қарор мегирад. Президент Обама аснои сӯҳбат бо телевизиони амрикоии АВС гуфт, Шӯрои мухолифини Сурия “ба қадри кофӣ фарогир” аст ва бояд аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шавад. Ба гуфти президенти ИМА бо ин эътирофи расмӣ маъмурияти зери раҳбарии ӯ интизор дорад, ки Шӯро бо масъулият амал карда, ҳуқуқи занону ақаллиятҳоро эҳтиром менамояд. Президенти ИМА ин тасмимро дар арафаи мулоқоти Марокаш эълон кард. Рӯзи чоршанбе дар ин кишвари африқоӣ ИМА ва муттафиқонаш роҳҳои тавсеаи кумак ба мухолифини Сурияро баррасӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG