Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯйхати Дима Яковлев бар зидди Қонуни Магнитский


Фраксияи Русияи воҳид (Единая Россия) дар Думаи давлатӣ-палатаи поёнии парламенти Русия, пешниҳод кардааст, ки рӯйхати шаҳрвандони таҳримшудаи амрикоиро “Рӯйхати Дима Яковлев” ном гузоранд. Вячеслав Никонов аз ин фраксия мегӯяд, бо ин ном тамоми кӯдакони рус, ки дар оилаҳои амрикоӣ вафот кардаанд, ёд хоҳанд шуд. Дима Яковлеви дусоларо падархонди амрикоияш дар як рӯзи гарм тӯли нуҳ соат дар дохили мошини дарбаста нигаҳ дошт. Дима ба гармӣ тоб наоварда ҳалок шуд. Павел Астахов-намояндаи президенти Русия дар умури кӯдакон мегӯяд, эҳтимол исми Майкл Ҳаррисон-падархонди Яковлев дар ин рӯйхати таҳримшудаҳо ҷой дода шавад. Ҳафтаи гузашта Сенати Амрико қонуни Магнитскийро қабул намуда, мансабдорони русро, ки дар поймол намудани ҳуқуқи башар саҳм доранд, тавриди таҳрим қарор дод.
XS
SM
MD
LG