Пайвандҳои дастрасӣ

Фармондеҳи мисрӣ ҷонибҳоро ба муколама даъват кард


Генерал Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ ба президенти Миср Муҳаммад Мурсӣ савганд ёд мекунад

Фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Миср генерал Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ нерӯҳои сиёсии кишварашро ба муколама даъват кардааст. Хабаргузории МЕНА-и Миср рӯзи сешанбе хабар дод, ки ас-Сисӣ аз тамоми ҳизбҳои сиёсии Миср хостааст, ки рӯзи чоршанбе вохӯрда, ҳамаи ихтилофҳои мавҷударо рафъ намоянд.
Даъвати ас-Сисӣ замоне садо дод, ки дар Қоҳира гурӯҳҳои ба ҳам рақиби тарафдорони назархоҳии умумимардумии 15-уми декабр ва мухолифин он гирдиҳамоиҳо ташкил карда буданд.
Хотирнишон мекунам, ки бо пешниҳоди президенти Миср Муҳаммад Мурсӣ 15-уми декабр назархоҳии умумимардумӣ барои қабули сарқонуни нави Миср муқаррар шудааст.
Лоиҳаи сарқонунро дар парламенти зери назорати муттафиқони исломии Мурсӣ таҳия шудааст. Мухолифин ва ҳомиёни ҳуқуқ ин лоиҳаро маҳкум намуда, исрор меварзанд, ки он озодиҳои асосӣ ва ҳифзи занону ақаллиятҳоро нодида мегирад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG