Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ҳамкорӣ бо Кореяи Шимолиро рад мекунад


 Ромин Меҳмонпараст-сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Эрон
Ромин Меҳмонпараст-сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Эрон
Эрон мегӯяд, ин кишвар бо Кореяи Шимолӣ дар тавлиди мушак ва ё рушди фанновариҳои ҳастаӣ ҳамкорӣ намекунад. Моҳи равон расонаҳои японӣ иттилоъ дода буданд, ки коршиносони эронӣ ба Кореяи Шимолӣ дар рушди мушакҳо кумаки фаннӣ мерасонанд. Ромин Меҳмонпараст-сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Эрон рӯзи сешанбе гуфт, ки айбнома комилан беасос аст. Меҳмонпараст эътироф кард, ки дар солҳои ҷанги Эрону Ироқ, яъне солҳои ҳаштодуми қарни гузашта “ҳамкории низомӣ” ҷой дошт, вале баъд он мутаваққиф шуд.
Дар ҳар сурат соли равон ду кишвар қарордоди ҳамкорӣ дар соҳаи илму фанновариҳоро имзо кардаанд. Ҳамчунон дар гузориши таҳримҳои СММ аз соли 2011-ум зикр шудааст, ки шояд ду кишвар дар масъалаи фанновариҳои мушакҳои байниқоравӣ ё худ баллистикӣ табодули маълумот раҳандозӣ кардаанд. Ҳам Эрон ва ҳам Кореяи Шимолӣ дар иртибот бо барномаҳои ҳаставиашон мавриди таҳрими байналмилалӣ қарор гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG