Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИМА:Пул тавассути фурудгоҳи Кобул фирор мекунад


Фурудгоҳи Кобул

Фурудгоҳи Кобул

Мансабдорони афғон дар қабули чораҳои асосии зидди шустушӯи пул ташаббус нишон намедиҳанд ва дар натиҷа ҳар сол миллиардҳо доллар бидуни назорат тавассути фурудгоҳи Кобул аз ин кишвар ба хориҷ интиқол меёбад. Дар гузориши Идораи амрикоии муфаттиши кулли масъули назорати эҳёи Афғонистон (U.S. Special Inspector General for Afghanistan Reconstruction-SIGAR), ки рӯзи сешанбе ба табъ расид, таъкид шудааст, ки дар давоми як сол мансабдорони афғон ҳозир нашуданд, таҷҳизоти ҳисоби пулро, ки аз тарафи ИМА таъмин шудааст, дар фурудгоҳи Кобул ба кор дароранд.
Ба қавли муфаттиши кулл бисёре аз мансабдорони баландпояи афғон ҳанӯз ҳам иҷозат намедиҳанд, ки худ ва ё борашон дар зери шуои таҷҳизот тафтиш шавад, зеро онҳо ба истилоҳ “мақоми фарди фавқулода фавқулода муҳим” (VVIP) доранд. Ин хатти убур соли равон ҷорӣ шуда, бар иловаи хатти афроди фавқулода муҳим(VIP) фаъол аст. Вазорати молияи ИМА мегӯяд, ки соли гузашта наздик ба чору ним миллиард доллар аз Афғонистон берун бароварда шудааст.
XS
SM
MD
LG