Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди паноҳандагон аз Сурия аз ним миллион нафар гузашт


Яке аз қароргоҳҳои паноҳандагони суриягӣ дар Туркия

Яке аз қароргоҳҳои паноҳандагони суриягӣ дар Туркия

Теъдоди суриягиҳое, ки кишварро тарк намудаанд, аз марзи ним миллион нафар убур кард.

Дар гузориши Идораи СММ дар умури паноҳандагон гуфта шудааст, ки дар Лубнон, Урдун, Ироқ, туркия ва кишварҳои шимоли Африқо тақрибан 510 ҳазор паноҳанда аз Сурия сабти ном шудааст. Боз наздики 3 ҳазор нафари дигар интизори дарёфти мақоми паноҳандагиянд. Гуфта мешавад, тақрибан 250 ҳазор нафаре, ки ба Туркия, Миср ва Лубнон омадаанд, ҳамчун паноҳанда сабти ном нашудаанд.

Вазири дифои Амрико Леон Панетта имрӯз изҳор намуд, ки ҳукумати Сурия омодагиҳо барои истифодаи силоҳи кимиёвӣ алайҳи ошӯбгаронро коҳиш додааст. Ҳафтаи гузашта ИМА ва кишварҳои Ғарб аз ҳукумати Башор Асад даъват карданд, ки аз истифодаи ин силоҳ алайҳи мардумаш худдорӣ намояд.
XS
SM
MD
LG