Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Консулгарии Эрон дар шаҳри Ҳирот баста шуд


Эрон консулгарияш дар шаҳри Ҳироти Афғонистонро баст. Ду рӯз пеш ин консулгарӣ мавриди ҳамлаи эътирозгарон қарор гирифт. Хабаргузории расмии ИРНА иттилоъ дод, ки вазорати умури хориҷии Эрон дар робита ба ин ҳодиса ба Кобул нотаи эътирозӣ ирсол кардааст.

Рӯзи якшанбе даҳҳо нафар аз скоинони Ҳирот дар канори бинои консулгарии Эрон ҷамъ омада, алайҳи аз сӯи кормандони хадамоти амниятии Эрон азият шудани муҳоҷирони афғон эътироз карданд. Онҳо сӯи бино санг андохта, тирезаҳои консулгариро шикастанд.

Афғонҳо талаб карданд, ҷониби Эрон ҷасади 13 афғонеро, ки ҳангоми убури марз аз тири марзбонҳои эронӣ кушта шудаанд, ба онҳо диҳад.
XS
SM
MD
LG