Пайвандҳои дастрасӣ

СММ: Занҳои афғон ҳамоно азияту озор мебинанд


Афғонистон дар бахши дифоъ аз ҳуқуқҳои занон ва хушунат алайҳои онҳо бояд корҳои зиёдеро анҷом диҳад. Ба ин нукта дар гузориши дафтари СММ дар Афғонистон таъкид шудааст.

Муаллифони санад аз баъзе пешравиҳо дар ин бахш баъд аз қабули қонуне ишора кардаанд,ки муҷозот барои хушунат алайҳи занонро пешбинӣ намудааст.

Бар пояи хабарҳо, ба Комиссиюни мустақили ҳуқуқуи башари Афғонистон аз баҳор то тирамоҳи соли равон аз занони азиятдида тақрибан чаҳор ҳазор ариза ворид шудааст, ки ин назар ба 12 моҳи як соли пеш ду баробар бештар аст. Аммо бештари ин аризаҳо баррасӣ намешаванд, заноне, ки дар бораи хушунат шикоят мекунанд, мавриди таъқибу таҳдид қарор мегиранд.
XS
SM
MD
LG