Пайвандҳои дастрасӣ

Миннатдории Тоҷикистон аз пуштибонҳои узвияташ дар СҶТ


Ҳукумати Тоҷикистон ба созмонҳои байналмилалӣ барои дастгирии ин кишвар дар ҷараёни пайвастшавӣ ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат изҳори миннатдорӣ кардааст.

Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, бо пахши як изҳорот мегӯяд, “созмони калидӣ аз миёни ҳамкорони хориҷии Тоҷикистон дар ин раванд Идораи давлатии Швейсария дар умури иқтисод (СЕКО) буд. Бо ёрии ин созмон коршиносони беҳтарини байнулмилалӣ ҷалб шуданд ва таҷрибаву дониши онҳо дар ҷараёни гуфтушунидҳо оид ба узвият ва мутобиқ кардани қонунгузориҳои Тоҷикистон ба талаботи СҶТ муҳим буд.”

Ҷаноби Ҳанс-Питер Эглер, масъули СЕКО мегӯяд, ин созмон ёриҳои худро ба Тоҷикистон ҷиҳати татбиқ кардани созишномаҳои СҶТ ва мавзӯҳои дигари марбут ба марҳилаи пас аз вуруд идома медиҳад.

Ҳамакнун, парлумони Тоҷикистон бояд то 7-уми июни соли 2013 узвияти кишварро ба СҶТ тасвиб бикунад ва пас аз 30 рӯзи огаҳ кардани СҶТ, Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ин созмон мегардад.

Шариф Раҳимзода дар мавриди манфиати ин созмон мегӯяд “узвият дар СҶТ ба Тоҷикистон имкон хоҳад дод, то ба иқтисоди ҷаҳонӣ ва низоми тиҷорати саросарӣ амиқтар бипайвандад ва барои тиҷорати даруна ва беруна фазои боз, шаффоф ва бидуни табъизро фароҳам биоварад.”
XS
SM
MD
LG