Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Англисӣ -- забони асосии хориҷӣ дар Узбакистон


Раисиҷумҳури Узбакистон, Ислом Каримов

Раисиҷумҳури Узбакистон, Ислом Каримов

Сар аз соли нави таҳсил дар Узбакистон омӯзиши забони англисӣ ба ҳайси забони асосии хориҷӣ аз синфи якум оғоз хоҳад шуд.

Қарорро дар бораи додани бартарии комил ба забони англисӣ дар кишвар раисиҷумҳури Узбакистон, Ислом Каримов, рӯзи 10-уми декабр ба имзо расонд.

Бино бар ин санаде, ки “Чораҳои такмили омӯзиши забонҳои хориҷӣ” ном дорад, сар аз соли таҳсили 2013-14 ҳамчунин омӯзиши баъзе аз фанҳои мактабҳои олӣ, махсусан илмҳои техникӣ ва риштаҳои байнулмилалӣ ба забони хориҷӣ ҷараён хоҳад гирифт.

Дар ин қарор таъкид мешвад, ки барои иҷрои он мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, муассисаҳои таълими касбу ҳунар ва донишгоҳу донишкадаҳо бо ҳамаи шароит таъмин карда шаванд. Ин чораҷӯӣ барои ҳамаи навъҳои муассисаҳои таълимӣ бояд бепул амалӣ гардад.

Бино бар маълумоти Вазорати маорифи Узбакистон дар ин кишвар наздик ба 9800 мактаби миёна мавҷуд аст, ки шумораи хонандагони онҳо зиёда аз 4¸5 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Бартарӣ додан ба забони англисӣ дар ҳамаи зинаҳои маорифи Узбакистон дар ҳоле ба амал меояд, ки ин кишвар ба расмулхатти лотинӣ гузашта дар ду даҳаи охир таълими забони русӣ дар мактабҳои он то ба поинтарин ҳад коҳиш ёфтааст. Ба ин сабаб, мегӯянд коршиносон, муҳоҷирони узбакистонӣ дар Русия аз лиҳози забондонӣ аз намояндагони кишварҳои дигар машаққати бештар мебинанд. Ин дар ҳолест, ки бино бар омори ғайрирасмӣ, Узбакистон дар Русия наздик ба 8 миллион нафар муҳоҷир дорад.

Вазъи онҳо боз аз он лиҳоз сангинтар мешавад, ки сар аз 14-уми октябри соли равон имтиҳони забони русӣ барои ҳамаи муҳоҷирон дар Русия ҳатмӣ гардид. Бино бар ин қонуни Федерасиюни Русия муҳоҷироне, ки забони русиро намедонанд, бо таҳсил дар давраҳои кӯтоҳмуддат фаро гирифта мешаванд ва агар имтиҳони забон ва таърихи Русияро супорида натавонанд, иҷозаи кор нахоҳанд гирифт.

Расонаҳои Русия мегӯянд, муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ду моҳи гузашта барои омӯхтани забони русӣ ва супурдани имтиҳон талоши зиёд нишон надодаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG